«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо иштироки васеи хонандагону ҷавонони болаёқат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ иброз гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда, ҳадафи асосии он рушди тафаккури техникӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиӣ, инчунин дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав мебошад.
«Имрӯз ҷомеа ба ҷавонони донишманд, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии муосир ниёз дорад. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба рушди илму маориф барои ҷавонон имконияти васеъ фароҳам оварда, онҳоро ба омӯзиши илмҳои муосир ва навоварӣ ҳидоят менамояд», — гуфта шуд дар чорабинӣ.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои гуногун баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, география, зеҳни сунъӣ ва ихтироъкорӣ маҳорат месанҷанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






