Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд

Май 14, 2026 14:56

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии 21-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қабл аз оғози вохӯрӣ иштирокчиёнро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба ҳузур пазируфт, ки зимни он масъалаҳои мубрами таъмини амният ва субот дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин роҳҳои густариши ҳамкории муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба вазъи амният дар минтақа ва ҷаҳон табодули афкор анҷом дода шуда, ба зарурати тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳавии кишварҳои аъзо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аҳамияти густариши фаъолият дар самтҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои кибериро таъкид намуданд.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти навбатии сатҳи баланд бозгӯи мавқеи пайгирона ва созандаи мамлакат дар самти таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Май 14, 2026 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид