«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз 15 то 22 май дар дуюмин Олимпиадаи байналмилалии кушодаи биологӣ (OIBO-2026), ки дар Минтақаи федералии «Сириус»-и шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар ин сабқати бонуфуз зиёда аз 100 нафар хонанда аз 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Индонезия, Венесуела, Туркия, Тайланд, Африкаи Ҷанубӣ Миянма, Оссетия, Абхазия ва Камбоҷа иштирок карданд.
Хонандагони Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе — Шокиров Рошиддин, Зоирова Мушарраф ва Нозими Тоҳир бо сатҳи баланди дониш, малакаи илмӣ ва ҷаҳонбинии илмии худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сазоворона муаррифӣ карданд.
Дар натиҷаи рақобати шадиди зеҳнӣ дар даврҳои назариявӣ ва амалӣ хонандагони синфи 11-и литсей, Шокиров Рошиддин ва Зоирова Мушарраф ба гирифтани ҷойи сеюм сарфароз гардиданд. Ин дастовард бозгӯи сатҳи баланди омодагии таълимӣ, қобилияти таҳлилӣ ва заҳмати пайвастаи хонандагон ва омӯзгорон мебошад.
Ҳамчунин, дар даври лоиҳавӣ дастаи хонандагони Тоҷикистон бо пешниҳоди лоиҳаи илмӣ вобаста ба мавзӯи «Муайян намудани ҷинси моҳии гулмоҳии рангинкамон бо усули таҳлили генетикӣ» («Определение пола радужной форели методом генетического анализа») сазовори медали тилло гардиданд. Лоиҳа аз ҷониби ҳайати доварон барои муҳтавои илмӣ, навоварӣ ва аҳамияти экологии худ баҳои баланд гирифта, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Бояд таъкид намуд, ки чунин дастовардҳо маҳз дар заминаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ва дастгириҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди қобилияти зеҳнии наврасону ҷавонон ба даст меоянд. Фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, омодасозии хонандагони болаёқат ва дастгирии ташаббусҳои илмӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани нуфузи маорифи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.
Маъмурияти литсей ин пирӯзиро ҳамчун натиҷаи заҳмати содиқонаи хонандагон, омӯзгорон, волидон ва дастгирии пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба иштирокчиён дар роҳи фатҳи қуллаҳои нави илмӣ комёбиҳои бештар орзу менамояд.
АКС: Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе










Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






