Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид

Май 23, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳтавои Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд. Дар он роҳбарият ва доираи васеи ҳайати шахсии мақомоти номбаршуда иштирок карданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот аз тарафи масъулини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият ва муҳтавои «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026-2030 фаҳмонида дода шуд. Вобаста ба хатари ин зуҳурот барои ҷомеа ва вусъат бахшидани фаъолият дар ин самт таклифҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.

Таъкид гардид, ки экстремизм ва терроризм ба вабои аср табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб чораҳои қатъӣ андешида истодааст.

«Тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифати мамлакатро зарур аст, ки аз оқибатҳои нангини ин зуҳуроти номатлуб огоҳ шуда, бар зидди ин хатар муқовимати дастаҷамъона нишон диҳанд»,-таъкид гардид дар вохӯрӣ.

АКС: Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд