Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар Қасри миллат маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ баргузор гардид.
Ин ҷоизаи бонуфуз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва талошҳои пайваста дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, аз ҷумла имзои созишномаи таърихӣ дар бораи ҳалли масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, тавсиби Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, инчунин, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу иқлим супурда шуд.
Зимнан, саҳми Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафмандонаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028″, қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ ва пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, махсус таъкид гашт.
Ёдовар бояд шуд, ки Ҷоиза бо фармони Ректори Донишгоҳи Сулҳи Созмони Милали Муттаҳид доктор Франсиско Рохас Аравена 19 майи соли 2026 ба имзо расида, аз ҷониби Намояндаи доимии ин Донишгоҳ, Сафир Дэвид Фернандес Пуйана ба Пешвои миллат тақдим гардид. Он барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар ва кишварҳое, ки дар роҳи сулҳсозӣ дастовардҳои беназир доранд, аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи СММ таъсис ёфтааст.
Ин эътироф гувоҳи шахсияти таъсиргузор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи минтақа ва талошҳояшон барои суботи сартосариву пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим аст, ки аз ҷониби яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои олам муҳри тасдиқ ёфт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






