Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд

Май 23, 2026 17:55

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ  ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу озодӣ ва арзишҳои миллӣ даъват намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҷавонон бояд таърихи миллат, фарҳанг, забон, расму ойин ва суннатҳои миллиро омӯзанд ва барои ҳифзу густариши онҳо талош намоянд.

«Тоҷикон миллати дорои таърихи беш аз 6000-сола ва фарҳанги тамаддунсоз буда, ҷавонон бояд аз гузаштаи пурифтихори худ огоҳ бошанд»,-иброз доштанд Сарвари давлат.

Президенти мамлакат ҳамчунин ҷавононро ба эҳтироми падару модар, калонсолон ва риояи одобу расму ойинҳои миллӣ ҳидоят намуда, нигоҳдории покизагии забони модариро муҳим арзёбӣ карданд.

Дар анҷоми паём Пешвои миллат ҳамаи ҷавонони мамлакатро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва барору комёбиҳо орзу намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 23, 2026 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд