Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд

Май 25, 2026 10:15

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” хайра мақдам гуфта, аз робитаҳои фаъоли Иттиҳоди байнипарлумонӣ бо Тоҷикистон дар масъалаҳои захираҳои об ва тағйирёбии иқлим изҳори қадрдонӣ намуданд.

Тавре зикр гардид, Иттиҳоди байнипарлумонӣ имрӯз ҳамчун як василаи муассир барои пешбурди ташаббусҳои сулҳомез ва ҳалли мушкилоти глобалӣ дар саросари ҷаҳон хизмат мекунад.

Зимнан нақши дипломатияи парлумонӣ ҳамчун василаи муҳим барои тақвияти муносибатҳои миёни кишварҳо дар масъалаҳои шаффофият, устувории усулҳои демократия, таъмини рушди устувор ва дигар меъёрҳо таъкид гардид.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба роҳҳои осоиштаи ҳалли низоъҳои ҷаҳони имрӯза сурат гирифт.

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ ҷаноби Мартин Чунгонг 25.05.2026

Май 25, 2026 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон