РАҚАМИКУНОНИИ ҲАМЛУ НАҚЛ. Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин маротиба низоми байналмилалии eTIR-ро озмуданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рақамикунонии ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар Осиёи Марказӣ қадами муҳим гузошта, ду амалиёти аввалро бо истифода аз низоми электронии eTIR eTIR — нақлиёти байналмилалии автомобилӣ (Transports International Routiers) муваффақона анҷом доданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар доираи шартномаи аввал аз Қирғизистон ба Тоҷикистон воситаҳои нақлиёт интиқол дода шуданд, тибқи шартномаи дуюм интиқоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ба самти Қирғизистон амалӣ гардид. Кафолатҳои электронии eTIR барои ин ҳамлу нақл аз ҷониби аъзои Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU) – Ассотсиатсияи байналмилалии ҳамлу нақли автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ABBAT) ва ширкати «AIRTO KR» Қирғизистон ба расмият дароварда шуданд.
Ҳарду амалиёт тавассути замимаи миллии eTIR, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ таҳия шудааст, амалӣ шуданд. Ин ба давлатҳо имкон дод, ки заминаи тайёрро барои суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани низом истифода баранд. Барои дастгирии лоиҳа Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид ва IRU дарсҳои омӯзишии кор бо eTIR-ро барои кормандони соҳаҳои нақлиёт ва гумрук дар шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Ошу Қизил-Белаи Қирғизистон бо мусоидати ABBAT ва AIRTO KR, инчунин маъмурияти гумруки ҳарду давлат ташкил карданд.
Ин амалиёт натиҷаи ҳамкории зичи мақомоти дахлдори ду давлат, ассотсиатсияҳои нақлиёти автомобилӣ, IRU ва Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, ки ба рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёти Осиёи Марказӣ равона карда шудаанд. Дар IRU ва Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид изҳор доштанд, ки ҳамкориро бо мақомоти миллӣ ва шарикон барои тавсеаи татбиқи eTIR дар минтақа ва берун аз он идома медиҳанд. Ин барои баланд бардоштани самаранокӣ, бехатарӣ ва эътимоднокии алоқаи фаромарзӣ имкон фароҳам меорад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






