РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд

Май 24, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 150 волонтёр аз донишгоҳҳои олии Тоҷикистон барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар шаҳри Душанбе (25-28 майи соли 2026) ҷалб гардида, ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» атташеи Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Илҳомзода иттилоъ дод.

Масъули Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки «барои ҷалб ва омода намудани донишҷӯён кори зиёде анҷом дода шуд. Тавассути корҳои муштарак, донишҷӯён аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳо ҷалб карда шуданд».

«Ҳангоми интихоби номзадҳо, ба меъёрҳо, ба монанди масъулияти баланд, малакаи муошират ва донистани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама англисӣ, русӣ ва ғайра диққати махсус дода шуд. Бо назардошти формати байналмилалии чорабинӣ, донистани забон омили асосии интихоб буд, зеро волонтёрон бо ҳайатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва меҳмонони хориҷӣ муошират хоҳанд кард», — афзуд Парвиз Илҳомзода.

Бояд гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми ин кор ҳамоҳангии зич доштанд.

Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, «тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, дар баргузории конфронсҳо ва форумҳои сатҳи баланд, волонтёрон доираи васеи вазифаҳои ташкилӣ ва намояндагиро иҷро мекунанд. Хусусан, онҳо дар бақайдгирии иштирокчиён ва аккредитатсияи ҳайатҳо, истиқбол ва ҳамроҳии меҳмонон дар фурудгоҳу меҳмонхонаҳо, роҳнамоии иштирокчиён дар маконҳои чорабинӣ, таъмини дастгирии иттилоотӣ, ҳамоҳангсозии логистикӣ, кор дар толорҳои вохӯрӣ, кӯмак дар протокол ва фаъолиятҳои ташкилӣ иштирок мекунанд».

-Ғайр аз ин, баъзе волонтёрон бо намонядагони ВАО ҳамкорӣ карда, ба ҳайси тарҷумон фаъолият мекунанд. Онҳо ҳайатҳои хориҷиро ҳамроҳӣ карда, дар ташкили барномаи фарҳангӣ ва таъмини муоширати байни иштирокчиён ва кумитаи тадорукот кумак мерасонанд. Дар шароити баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ маҳз волонтёрон аксаран таассуроти аввалини меҳмононро дар бораи кишвар ташаккул дода, меҳмоннавозӣ, сатҳи баланди ташкилотчигӣ ва неруи ҷавонони Тоҷикистонро нишон медиҳанд, — гуфт ӯ.

Парвиз Илҳомзода афзуд, ки барои баланд бардоштани фаъолияти самараноки волонтёрон ба онҳо оид ба муоширати байнифарҳангӣ, кори дастаҷамъона дар гурӯҳҳо ва асосҳои ташкили чорабиниҳои байналмилалӣ тренингҳои махсуси омузишӣ гузаронида шудаанд. Ин кафолат медиҳад, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар сатҳи баланд баргузор гардида, барои ҳамаи иштирокчиёни форум шароити мусоид фароҳам орад.

Қобили тазаккур аст, ки волонтёрон дар ташкили чорабиниҳои байналмилалӣ, таъмини дастгирии логистикӣ, ҳамроҳӣ кардани ҳайатҳо ва кӯмак ба иштирокчиён нақши муҳим мебозанд. Кори онҳо ба фароҳам овардани фазои мусоид, гузаронидани самараноки ҷаласаҳо ва тақвияти обрӯи кишвари мизбон мусоидат мекунад.

Лайло ТОИРӢ
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 24, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд