Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими корҳои тарбиявӣ дар давраи таътили тобистона Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо соҳаи маориф ба хонандагон, падару модарон ва омӯзгорон муроҷиат намуд. Дар ин хусус аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар муроҷиат таъкид гардидааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳамчун самти калидии рушди давлат ва ояндаи миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таълиму тарбияи наврасону ҷавононро вазифаи муҳимтарини ҷомеа арзёбӣ менамоянд.
Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил, омӯзиши фанҳои муосир, технологияҳои иттилоотӣ, касбомӯзӣ ва рушди ҷаҳонбинии ҷавонон имконоти васеъ муҳайё гардидааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон изҳор намудааст, ки таътили тобистона бояд барои ҳар хонанда давраи истироҳати солим, китобхонӣ, варзиш, омӯзиши касбу ҳунар ва омодагӣ ба соли нави таҳсил бошад. Ҳамзамон нигаронӣ аз он баён гардидааст, ки дар ин давра баъзе наврасон бинобар беназоратӣ ба муноқиша, авбошӣ, қонуншиканӣ, оворагардӣ, истифодаи ашёи хатарнок ва дигар амалҳои номатлуб даст мезананд.
Дар муроҷиат инчунин аз афзоиши ҳодисаҳои нохуш оид ба ғарқшавии наврасон ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда, идора намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ва таъсири манфии баъзе бозиҳои компютерӣ изҳори нигаронӣ карда шудааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ ба хонандагон тавсия додааст, ки вақти холии худро ба китобхонӣ, омӯзиши забонҳо, технологияҳои муосир, варзиш ва корҳои фоиданок равона намуда, аз ҳар гуна амалҳои зиддиқонунӣ, муошират бо шахсони дорои рафтори шубҳанок, истифодаи маводи нашъаовар, тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин ба падару модарон тавсия дода шудааст, ки рафтор ва фаъолияти фарзандонро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, ба гаштугузори шабона, идора намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ва истифодаи бемаҳдуди шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ надиҳанд.
Дар муроҷиат аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон низ даъват ба амал оварда шудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ ва ҳамкориро бо мақомоти милитсия ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасон тақвият бахшанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъкид намудааст, ки танҳо ҳамкории зичи мактаб, оила, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ метавонад барои тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва қонунмеҳвар заминаи мусоид фароҳам оварад.
«Масъулият аз мост ва ояндаи дурахшони фарзандон аз волидон ва ҷомеа низ вобаста мебошад», -омадааст дар муроҷиати Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.
АКС: Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






