СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид

Май 24, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар партави дастуру ҳидоятҳои наҷибонаи Сарвари давлат бо мақсади бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ ва ҳарчи фарогир будани кӯдакон бо таълиму тарбия дар Ҷамоати деҳоти «Кайқубод»-и ноҳияи Қубодиён Муассисаи томактабии рақами 6 бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Фарҳод Зиёев сохта, ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бинои муассиса бо тарҳи муосир сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар ҳар ошёна утоқи машғулиятгузаронӣ ва хоб ҷойгир буда, дар маҷмуъ 30 утоқ, инчунин толори фарҳангӣ, варзишӣ ва ошхонаро ташкил медиҳад. Муассиса барои 400 кӯдак пешбинӣ гардида, дар он ҳоло 350 кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Тавре ки дар суҳбат сармураббии кӯдакистон Зилзила Шарифова иброз намуд, дар муассиса 15 гурӯҳ мавҷуд буда, ба таълимгирандагон омӯзгорону мураббиёни соҳибихтисос таълиму тарбия медиҳанд. Инчунин забонҳои хориҷӣ — русӣ ва англисӣ ҳафтае се маротиба ба таври васеъ омӯзонида мешаванд. Кормандони муассиса дар ин баробар замини назди муассисаро самаранок истифода бурда, картошка, помидор, лӯбиё ва кабудӣ парвариш менамоянд, ки барои хӯроки кӯдакон истифода мешаванд. Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда тасмим гирифтаанд дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонанд.

Соҳибкор Фарҳод Зиёев қаблан дар назди муассисаи таълимии рақами 11 бинои иловагии дуошёна сохта, ба истифода дод ва бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ таъмин намуд.

Ин соҳибкори ватандӯст дар замини назди муассисаи рақами 11 муассисаи томактабиро давоми як сол сохта, мавриди истифода қарор дод, ки моҳи декабри соли 2025 ба тариқи онлайнӣ аз ҷониби Президенти мамлакат ифтитоҳ гардид.

Дар ин баробар аз тарафи ин соҳибкори саховатманд роҳи байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Кайқубод» ба масофаи 8 км мумфарш карда шуд. Ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагӣ ва дастгирии онҳо бобати вусъат додани ин раванд бозгӯи он аст, ки тавассути ин ободкориҳо мардуми мамлакат сарҷамъона дар таҳкими сулҳу субот нақши созанда гузошта, сӯи фардои дурахшони ватан дар ҳамдилӣ қадамҳои боварибахшу устувор мегузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 24, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд