Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар интиҳои ҷаласаи нуҳуми вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Конфронси минтақавии 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 15 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, пешрафти назарраси Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши аграрӣ таъкид гардид.
Ба андешаи иқтисоддони калони Маркази сармоягузории Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Дмитрий Приходко, дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён иқтидори Осиёи Марказиро ҳамчун яке аз минтақаҳои муҳими истеҳсоли гандум баррасӣ карданд. Ба масъалаҳои афзоиши истеҳсолот, нигоҳдорӣ, коркард ва савдои маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
«Дар Тоҷикистон нонро хеле дӯст медоранд ва гандум барои минтақа маҳсулоти аз ҷиҳати стратегӣ муҳим боқӣ мемонад. Имрӯз Тоҷикистон дар таъмини худ бо орд пешрафти ҷиддӣ ба даст овардааст», — иброз намуд Дмитрий Приходко. Ӯ хотиррасон намуд, ки соли 2011 Тоҷикистон қисми зиёди ордро аз дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ворид менамуд. Ҳоло ҷумҳурӣ гандуми худро истеҳсол мекунад ва ба мамлакат ғалларо қисман барои коркарди минбаъда ворид мекунад.
«Имрӯз тақрибан 95 фоизи орди дар Тоҷикистон истеъмолшаванда дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешавад. Ин қадами хеле муҳим дар самти расидан ба ҳадафҳои амнияти озуқаворӣ мебошад»,-гуфт иқтисоддони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ.
Дмитрий Приходко ҳамчунин аз ҳамкории минбаъда бо Тоҷикистон дар соҳаи рушди кишоварзӣ, фароҳам овардани шароити пешгӯишаванда барои тиҷорат ва таҳкими ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори умедворӣ намуд. Илова бар ин, ӯ дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаи аграрӣ дар даҳ соли охир мусбат арзёбӣ намуда, ба намоиш гузоштани навъҳои нави гандумро дар намоишгоҳҳои бонуфуз махсус таъкид кард.
«Дастоварду пешрафт назаррас аст ва албатта, дар оянда корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд. Имрӯз Тоҷикистон дар рушди бахши кишоварзӣ аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст»,—хулоса намуд ҳамсуҳбати мо.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






