Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд

Май 31, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми Вазири мудофиаи Тоҷикистон Бобоҷон Саидзода иброз дошт, ки истифодаи технологияҳои муосир, бахусус зеҳни сунъӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати техникаю технология ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими иқтидори мудофиавии давлат табдил ёфтааст. Ҷорӣ намудани чунин технологияҳо метавонад самаранокии идоракунӣ, таҳлил ва банақшагирии низоми амниятиро ба маротиб баланд бардорад.

Аз ҷониби коршиносони соҳа вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Дар баромадҳо масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи системаҳои интеллектуалӣ, таҳлили иттилоот ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни амниятиву мудофиавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни конференсия таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату ҳукумат бояд дар баробари рушди замони муосир аз имконоти пешрафтаи илм ва технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ васеъ истифода намуда, сатҳи омодабошии ҷангӣ ва касбияти ҳайати шахсиро боз ҳам баланд бардоранд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид