ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 май, шанбе, 122-юмин рӯзи соли 2026 аст

Май 2, 2026 08:00

2 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба пардохти кумакпулии яквақта ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 амр ба имзо расониданд.

***

2 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.

***

2 майи соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:

2 майи соли 2001 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 11-уми Шурои вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.

***

2 майи соли 2014 дар шаҳри Минск ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ–тиҷоратӣ баргузор гардид.

***

2  майи соли 2014 бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Шурои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд таъсис дода шуд.

***

2 май соли 2022 рақси варзишӣ ё брекданс бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардид.

***

2 майи соли 2025 ҷудочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба ҷудо 5 медал ба даст оварданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1925 дар Сан-Франсиско калонтарин ҳавзи шиноварӣ дар таърихи ҷаҳон ифтитоҳ гардид,  ки 305 метр дарозӣ, 46 метр паҳноӣ, ва то 4,26 метр чуқурӣ дошт.

***

2 майи соли 1933 дар Олмон фаъолияти ҳамаи иттифоқҳои касаба қатъ карда шуд.

***

Соли 1949 аввалин маротиба дар Иттиҳоди Шуравӣ аз майдони «Динамо» гузориши телевизионии бозии футбол сурат гирифт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВВАЛУД ШУДААНД:

Мирзо Турсунзода–соли 1911—шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики Академияи илмҳои  Тоҷикистон (1951), Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неру ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қаҳрамони Тоҷикистон (2001).

 

Май 2, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш