ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 май, сешанбе, 146-умин рӯзи соли 2026 аст

Май 26, 2026 08:00

26 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи «The European Times» мусоҳибаи хосса анҷом доданд.

***

26 майи соли 2014  бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ бо  гузашти низомӣ  дар майдони Дӯстии пойтахт  таҷлил гардид.

***

26 майи соли 2018 тифле ба дунё омад, ки аҳолии мамлакатро ба  9 миллион расонид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки оилаи мазкурро  бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд. Дар ин робита Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова қарори дахлдорро имзо намуданд.

***

26 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо роҳбарону фаъолон ва аҳли Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудов мулоқот ва суҳбати самимии сарироҳӣ доир намуданд.

26 МАЙ:

Дар Тоҷикистон —  Рӯзи адвокатҳо.

***

 Рӯзи истиқлолияти Гурҷистон

РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:

26 майи соли 2011 аввалин маротиба маҷлиси умумии солонаи саҳомони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор шуд.

***

26 майи соли 2014 бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстию бародарии халқҳо ва ошноӣ бо фарҳанги якдигар дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Федератсияи  Русия баргузор гардиданд.

***

26 майи соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои 1/8-финалии Ҷоми КФО-2015 байни дастаҳои  «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Ваҳдой» (Сурия) баргузор шуданд.

***

26 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумат «Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 1928 дар ҷаласаи ФИФА доир ба ҳар чор сол як бор доир намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол қарор қабул гардид.

***

26 майи соли 1679 дар Англия қонун дар бораи дахлнопазирии шахс қабул карда шуд.

***

Соли 1929 дар Москва  бори нахуст дар таърихи Иттиҳоди Шуравӣ аз ҷараёни бозии футбол тавассути радио гузориш дода шуд.

***

 26 майи соли 2010 арзиши бозори ширкати Apple аз ширкати Microsoft зиёд шуд.

Май 26, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш