ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 май, шанбе, 150-умин рӯзи соли 2026 аст

Май 30, 2026 08:00

30 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат доир ба имрӯзу ояндаи фарҳанги миллии Тоҷикистон, шеъру шоирӣ ва тақвияти пайванди наслҳо дар ин самти барои рушди арзишҳои волои миллию давлатдорӣ басе муҳим гуфтугӯйи судманд доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»-ро ба имзо расониданд.

***

30 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо собиқ Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду мамлакат дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад.

***

30 майи соли 2022 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ гардид.

***

30 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи равобити ду мамлакат дар ҳавзаҳои мухталиф муҳокима карда шуд.

***

30 майи соли 2023 дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар «Кохи Ваҳдат» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат мулоқот намуданд.

***

30 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Як сол пеш, 30 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот роҳҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.

***

30 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Моликро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, таъмини устуворӣ дар муқобили хатарҳои табиӣ, рушди бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ дар бахши обуҳавошиносӣ баррасӣ намуданд.

***

30 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Италия» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

***

30 майи соли 2025 дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми «Осиёи Марказӣ ва Италия» бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду давлат баррасӣ карда шуд.

***

30 майи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ Кетрин Мери Рассел мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор доданд.

30 МАЙ:

Рӯзи байналмилалими картошка.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо астма ва аллергия.

***

Дар Олмон–Фестивали қулфинай

РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:

30 майи соли 2007  Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид. Дар он  моддаҳои 428, 448, 568, қисми 1, моддаи 285, 580, 392 аз эътибор соқит дониста шуданд.

***

30 майи соли 2012 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо ва сарвазирони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

30 майи соли 2012 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» қабул гардид.

***

30 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе чаласаи 13-уми Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории Тоҷикистон баргузор гардид.

***

30 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 1631 дар Фаронса аввалин рӯзнома бо номи «La Gazette»  («Маҷалла») ба табъ расид.

***

Соли 1896 дар Ню-Йорк аввалин садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

***

30 майи соли 2011 ширкати Ford Motor дигаргунии навбатиро дар самти бехатаргардонии ҳаракат дар роҳ эълон намуд.

Май 30, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш