Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро барои рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар самти рушди энергетика дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати ширкати «Guangdong Construction Engineering Group Co., Ltd.» баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар меҳвари суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар самти рушди энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳои энергияи таҷдидшаванда дар Тоҷикистон қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки чанде қабл дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 11 май дар шаҳри Пекин баргузор гардид, якчанд санади муҳими ҳамкорӣ вобаста ба ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба имзо расиданд.
Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Guangdong Construction Engineering Group Co., Ltd.» оид ба рушд ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергияи таҷдидшаванда дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Ҳадафи асосии ин санад густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи «сабз», истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Watchman Group PTE Ltd.» оид ба омӯзиш ва баррасии имконияти бунёди неругоҳҳои бодӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ба имзо расонида шуд.
Ин иқдом барои рушди энергетикаи барқароршаванда, диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ва татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи энергетика заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






