Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти амният тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ дар доираи мулоқоти дуюми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии қолаби Осиёи Марказӣ–Чин доир гардид.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо ҷинояткории фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, инчунин бозомӯзии таҷрибаи ҳамдигар баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии дуюми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии қолаби Осиёи Марказӣ–Чин нимаи дуюми имрӯз дар Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз мегардад. Дар ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок менамояд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






