Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар бахши шуғл ва омодасозии кадрҳо тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода дар Ҷумҳурии Корея бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ин кишвар як қатор мулоқоту боздидҳои муҳим анҷом дод.
Ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти Федератсияи саноати Корея, Федератсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Корея, Маркази ҷаҳонии мубодилаи дониш ва рушд, Осорхонаи миллии таърихи муосири Корея, Агентии пешбурди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA) ва як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти Федератсияи соҳибкории хурд ва миёнаи Корея масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби корфармоёни кореягӣ барои интихоби қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеаи робитаҳо дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Федератсияи мазкур яке аз ниҳодҳои бонуфузи иқтисодии Ҷумҳурии Корея ба ҳисоб рафта, дар самти рушди соҳибкории хурд, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон ва ҳифзи манфиатҳои ширкатҳои хурду миёна, инчунин дастгирии молиявӣ, омӯзиш ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд.
Дар мулоқот бо роҳбарият ва намояндагони Федератсияи мазкур масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолот, омодасозии кадрҳои техникӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалӣ ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.
Ҳамчунин, ҳайати Тоҷикистон аз як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи нассоҷӣ ва рангбарорӣ боздид намуда, бо фаъолияти истеҳсолӣ ва шароити меҳнатии онҳо шинос гардид. Ба роҳбарияти корхонаҳо оид ба имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Зимни суҳбат бо роҳбарияти корхона масъалаи ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори меҳнати Ҷумҳурии Корея, бахусус шаҳрвандоне, ки аз имтиҳони EPS-TOPIK гузашта, маълумоташон дар портал ҷойгир карда шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт метавонад ба таъмини талаботи бозори меҳнати Ҷумҳурии Корея бо қувваи кории соҳибихтисос ва баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ҳамчунин, ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Тегуи музофоти Гунви рафта, бо имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва инфрасохтори истеҳсолии минтақа шинос гардид. Зимни вохӯриҳо ба ҷониби кореягӣ оид ба имконияту зарфиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раванди омодасозии қувваҳои корӣ дар марказҳои таълимии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар навбати худ, ҷониби Ҷумҳурии Корея ҳайати Тоҷикистонро барои шиносоӣ аз шароит ва таҷрибаи пешрафтаи фаъолият дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла гармхонаҳои муосир, даъват намуд. Дар рафти мулоқот имкониятҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои мавсимӣ дар бахши кишоварзии Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт изҳор намуданд.
Ин боздиду мулоқотҳо ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, таҳсилоти касбӣ ва таъмини диверсификатсияи муҳоҷират арзёбӣ мешаванд.















ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






