Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд

Май 26, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он  Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ҷаласа иштирокдорон масъалаҳои мубрами марбут ба таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар фазои СААД, аз ҷумла ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, экстремизм, инчунин хатарҳои вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо ҳадафҳои харобиоварро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки давлатҳои аъзо барои муқовимат ба таҳдидҳои муосир, таҳкими суботи минтақавӣ ва рушди механизмҳои вокуниши дастҷамъӣ зоҳир гардид.

Юсуф Раҳмон таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ба таъмини амнияти устувор ва субот равонашуда пайгирона амалӣ мегардад. Ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими сарҳадҳои ҷанубии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин безараргардонии таҳдидҳо дар соҳаи иттилоотиву коммуникатсионӣ зоҳир карда мешавад.

Бо супориши Президенти кишвар тадбирҳои фарогир ҷиҳати тақвияти иқтидори мақомоти дахлдор, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии механизмҳои дастҷамъии вокуниш амалӣ карда мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СААД ва татбиқи тадбирҳои мувофиқашуда, ки ба безараргардонии таҳдидҳои мавҷуда ва эҳтимолии амниятӣ равона шудаанд, таъйид намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид