150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар IT Park Dushanbe — Маркази технологияҳои пешқадами шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» маросими ҷамъбасти даври омӯзишии «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат», ки давоми ним соли охир 150 нафар фаъолҷавононро аз донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди пойтахт ба омӯзиш фаро гирифта буд, ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври омӯзишӣ бо ҷалби ходимони давлатӣ, шахсиятҳои шинохта, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаҳои мухталиф ва соҳибкорони муваффақ дар давоми ним сол баргузор шуда, ба шунавандагони он имрӯз дар арафаи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон дар фазои тантанавӣ шаҳодатнома ва дипломҳои хатм тақдим гардид.
«Ташкили ин даври омӯзишӣ танҳо ба он хотир нест, ки иштирокчиён бо фаъолияти шахсони барӯманди ҷомеа ва ниҳоди давлативу ҷамъиятӣ бохабар шаванд, балки бо гирифтани донишҳо қувваи зеҳнӣ ва тафаккури худро мустаҳкам намоянд», — иброз гардид дар ҳамоиш.
Саҳми аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», ки аксари онҳо хатмкунандагони ин даври омӯзишӣ мебошанд, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ назаррас буда, натиҷаи фаъолияти самарабахши онҳо аз ҷониби мушоҳидони байналмилалӣ низ баҳои баланд гирифтааст.
Пас аз хатми даври омӯзишӣ, ҷавонон ҳамчун кадрҳои омодашуда ба хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ ҷалб гардида, дар соҳаҳои гуногун ҳамчун мутахассисони баландихтисос фаъолият менамоянд. Айнӣ ҳол теъдоди муайяни хатмкунандагон дар вазорату идораҳои гуногуни мамлакат ба ҳайси кадрҳои соҳибихтисос фаъолият менамоянд.
Даври омӯзишӣ дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз соли 2019 то инҷониб доир мешавад.
Мақсади ба роҳ мондани маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат», пеш аз ҳама, омӯзиши мактаби бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сулҳу ваҳдат, корҳои бунёдкорӣ, созандагӣ, тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон мебошад.
Ба иштирокдорони маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» мутахассисони варзидаи мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону донишмандон оид ба паҳлуҳои мухталифи давлатдорӣ ва таърихи соҳибдавлатӣ, хусусияти хоси фарҳанги миллати тоҷик ба ҷавонон дарс мегӯянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






