35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 1076 иншоот сохта ба истифода дода шудааст

Июнь 11, 2026 10:49

ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Панҷакент бунёди 984 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 1076 иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Айни замон илова ба нақша, дар шаҳр сохтмони 177 иншооти дигар идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар маҳаллаи Деваштич, ки бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон аз ҷониби пудратчӣ – ширкати бинокории «Гулгун» сохта мешавад, ҳоло корҳои ороишӣ идома дорад. Бо ба истифода додани бинои нави таълимӣ дар он дар соли нави таҳсил 480 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар  шаҳр корҳои сохтумонӣ дар Маркази оши палов дар ҳудуди Осоишгоҳи «Шифо», кӯдакистон дар хиёбони Рӯдакӣ барои 200 кӯдак, майдону гулгашти Абулқосим Фирдавсӣ, бинои маъмурии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа низ идома дорад.

Инчунин дар шаҳр бунёди коргоҳи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли об ва нӯшокиҳои ташнагишикани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ҳафткӯл» идома доранд .

АКС: Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июнь 11, 2026 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд