ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 июн, панҷшанбе, 176-умин рӯзи соли 2026 аст
25 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд.
***
Дар ини рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд.
***
25 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ҳамчунин ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд.
***
25 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Корея»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии «Darya AI»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
25 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
***
25 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Инчунин як қатор иншоотро мавриди истифода қарор доданд.
***
25 июни соли 2016 дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиндагӣ ва фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуданд.
***
25 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Куала-Лумпур бо собиқ Сарвазири Малайзия Махатҳир Муҳаммад мулоқот намуданд. Зимни гуфтугӯ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ, муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва оғози фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия изҳори хушӣ карда шуд.
25 ИЮН:
Дар Русия- рӯзи кормандони омор.
***
Дар Словения — Рӯзи сохти давлатдорӣ.
РӮЙДОДҲО:
25 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Asia Grand Hotel» ифтитоҳ ёфт.
***
25 июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ даъвати шашум баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1935 дар Париж Анҷумани байналмилалии нависандагон дар ҳимояи фарҳанг баргузор гардид, ки дар он Ҷамъияти байналмилалии нависандагон ва Шуъбаи ҳамешагии байналмилалии нависандагон барои ҳимояи фарҳанг таъсис дода шуданд.
***
Соли 1919 дар Олмон аввалин парвози нахустҳавопаймои «Юнкерс F 13», ки қаноташ як ҷуфт аст, ба амал омад.
***
Соли 1794 дар робита ба инқилоби Фаронса Екатерина II фурӯши маҳсулоти Фаронсаро дар Русия манъ намуд.
***
Соли 1858 нахустшумораи аввалин рӯзномаи бритониёию колумбиягии «Виктория газет» нашр шуд.
***
Соли 1998 системаи махсуси амалиётии «Windows 98» баромад.
***
Соли 1876 моҳигири амрикоӣ Алфред Енсен аввалин маротиба дар таърих аз уқёнуси Атлантика танҳо шино карда гузаштааст.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июн, чоршанбе, 175-умин рӯзи соли 2026 аст
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






