Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар доираи ҷаласаи 19-уми Конфронси давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон чорабинии канории ҳайати Тоҷикистон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ, ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, дар чорабинӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода дастовардҳои мамлакатро дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии шахсони маъюб ва шаҳрвандони калонсол пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ислоҳоти васеи низоми ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ гардида, тадбирҳои пайгирона барои баланд бардоштани самаранокӣ, дастрасӣ ва фарогирии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда мешаванд.
Ҳамчунин иброз шуд, ки Тоҷикистон айни замон тавассути такмили қонунгузории миллӣ ва таҳкими институтсионалии соҳа дар марҳилаи ниҳоии тасвиби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон қарор дорад.
Ин чорабинӣ бори дигар уҳдадории қавии кишварҳои Осиёи Марказиро барои рушди ҳамкории минтақавӣ ба хотири таҳкими ҷомеаи фарогир, таъмини иштироки пурраи шахсони дорои маъюбият ва шаҳрвандони синни калонсол дар ҳаёти иҷтимоӣ тасдиқ кард.
Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (UNDESA) ташкил карда шуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






