Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон, ки 4-5 июн баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд.
Дар иҷлосия ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории саноатӣ, ташаккули занҷираҳои устувори истеҳсолӣ, пешбурди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва навсозии саноатиро баррасӣ намуданд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай дар шароити муосир ҳамчун заминаи муҳими густариши ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории давлатҳои минтақа, ки дорои захираҳои бузург, иқтидори истеҳсолӣ ва илмию техникӣ мебошанд, нақши муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръат рушди муназзаму устувори иқтисодиро таъмин намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир ду баробар афзоиш додааст. Дар ин замина, таваҷҷуҳи хос ба рушди соҳаҳои кӯҳию маъдан, металлургия, нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ ва коркард, инчунин таъсиси истеҳсолоти дорои арзиши баланди иловашуда равона мегардад.
Ҷониби Тоҷикистон инчунин имкониятҳои назарраси мамлакатро дар самти истихроҷ ва коркарди захираҳои стратегии маъданӣ, аз ҷумла металлҳои нодири замин, ки дар шароити рушди технологияҳои «сабз» ва рақамӣ талаботи зиёд доранд, таъкид намуд. Таваҷҷуҳи алоҳида дар ҷараёни ҷаласа ба ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Бонки маълумот оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зоҳир гардид.
Дар доираи чорабинӣ Шералӣ Кабир инчунин дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва саноати «Ala-Too Trade & Industry Expo» дар шаҳри Бишкек иштирок намуд, ки дар он зиёда аз 90 ширкат аз шаш давлат иштирок доштанд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, инчунин иқтидори содиротӣ ва сармоягузории мамлакат муаррифӣ гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






