Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбос, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи мамлакатҳоро барои густариши минбаъдаи муколамаи сиёсиву ҳамкории иқтисодӣ ва таҳкими равобит байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд.
Ҳамсуҳбатон аснои баррасии муносибатҳои дуҷониба ба таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, инкишофи ҳамкории байнипарлумонӣ, рушди захираҳои инсонӣ, инчунин роҳандозии робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб диққати махсус зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро, ки Ҷумҳурии Кипр кишвари раискунандаи Шурои Иттиҳоди Аврупо мебошад, баланд арзёбӣ намуданд. Вазирони корҳои хориҷӣ ба ҷанбаҳои калидӣ, аз ҷумла афзоиши гардиши мол, рушди иқтисоди сабз, ба вежа дар соҳаи энергетика ва ҳамкориҳо дар таҳкими сарҳад таваҷҷуҳ карданд.
Пас аз анҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ ёддошти тафоҳум дар соҳаи маорифро имзо карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






