Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи Марказӣ ва Русия» иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 28 июн дар шаҳри Омски Федератсияи Русия Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи марказӣ ва Русия» баргузор мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар форум ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Мақсад аз баргузории ин форум таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, эҷодӣ ва башардӯстона байни ҷавонони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамчунин чорабинӣ барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати муколамаи байнифарҳангӣ ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди эҷодкор мусоидат хоҳад намуд.
Барномаи форум аз чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла муҳокимаҳои панелӣ ва лексияҳо бо иштироки коршиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷамъиятӣ аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иборат мебошад.
Илова бар ин, барномаи таълимӣ дар самтҳои «Объектив бе сарҳад» («Объектив без границ»), «Муколама дар рангҳо» («Диалог в красках»), «Корвони кулинарӣ» («Кулинарный караван») ва «Рамзи ваҳдат» («Код единства») пешбинӣ шудааст.
Дар доираи форум ҳамчунин барномаи фарҳангӣ бо ташкили экскурсияҳо ба иншооти калидии фарҳангӣ ва сиёсати ҷавонони вилояти Омск дар назар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






