Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
РӮДАКӢ, 03.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар даври ноҳиявии озмун 210 нафар иштирок намуда, дар натиҷа 66 нафар довталаб бо гирифтани холҳои баландтарин ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Дар чорабинӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмун Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои молӣ тақдим карда шуд.
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар ноҳияи Рӯдакӣ аз 21 то 23 апрел аз рӯйи номинатсияҳои навозандагӣ, сарояндагӣ, санъати тасвирӣ, ороиши амалӣ, меъморӣ ва дизайн доир гардид, ки дар он наврасону ҷавонон аз муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои санъат, коллеҷҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026 баргузор шуда, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нав, рушди санъати миллӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






