АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов

Июнь 15, 2026 14:55

 ДУШАНБЕ, 15.06.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон шахсиятҳое ҳастанд, ки номи онҳо бо муҳимтарин марҳилаҳои бунёд ва таҳкими давлат пайванди ногусастанӣ дорад. Яке аз чунин фарзандони барӯманди миллат ва ҳамсафони содиқи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Ҳомиддин Шарифов мебошад, ки имрӯз аз зумраи чеҳраҳои барҷастаи даврони истиқлол ба шумор меравад.

Ба муносибати 79-солагии зодрӯзи ин арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида  ба зиндагӣ ва фаъолияти пурбори ӯ назар афкандан аҳаммияти махсус дорад. Зеро ҳаёт ва фаъолияти Ҳомиддин Шарифов мактаби воқеии ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва хизмат ба мардум мебошад.

Дар хусуси  рӯзгор ва фаъолияти ин шахсияти маъруф ду китоб ба нашр расидааст. Китоби Носир Ҷобир Назарзода таҳти унвони «10 сол сарвари ВКД  («10 лет во главе МВД») аз хотираҳои ҳамсафон, ҳамкорон, шогирдон ва наздикони Ҳомиддин Шарифов фароҳам омада, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ӯро дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳамкории байналмилалӣ, робитаи ВКД бо воситаҳои ахбори омма ва талошҳо дар роҳи таҳкими тартиботи ҳуқуқиро инъикос мекунад. Ҳамчунин,  соли 2020 китоби Иноят Адолатов бо номи «Ҳомиддин Шарифов» ба табъ расид, ки дар он зиндагинома, фаъолияти давлатӣ ва хизматҳои шоистаи ӯ ба таври муфассал дарҷ ёфтааст.

Бояд гуфт, фаъолияти Ҳомиддин Шарифов ба солҳои бисёр ҳассос ва сарнавиштсози ҷумҳурӣ рост омадааст. Дар он давра Тоҷикистон марҳилаи душвори барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориву бесарусомониҳоро аз сар мегузаронд. Дар чунин шароит ӯ ҳамчун яке аз ҳамсафони содиқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дониш ва таҷрибаи худро барои ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа равона намуда буд. Аз ин рӯ, метавон бо боварӣ гуфт, ки то ҳоло на ҳама паҳлӯҳои кору фаъолияти Ҳомиддин Шарифов дар матбуот инъикос шудааст. Кору зиндагии Ҳомиддин  Шарифов ва ҳамсафони ӯ дар паҳлуи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас ҳамчун беҳтарин намунаи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, накуӣ ва некномӣ бояд муаррифӣ шаванд.

Ҳамсафон ва шоҳидони он рӯзҳо аз Ҳомиддин Шарифов ҳамчун шахси қавиирода, адолатпарвар ва ватандӯст ёд мекунанд. Ба қавли онҳо Ҳомиддин Шарифов дар ҳама ҳолат манфиатҳои давлат ва мардумро боло мегузошт. Ҳатто дар масъалаҳои мураккаби ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ҳам бо такя ба қонун ва адолат қарор қабул мекард.

Ба нақли яке аз шоҳидони давр  соли 1995 Ҳомиддин Шарифов раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон таъин гардида буд. Ҳамон сол барои як биное, ки Ҳукумати мамлакат барои истифода ва хизматрасонӣ ба сокинон ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ҷудо карда буд, баҳси ҷиддии судӣ сар зад. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки ҳануз қудрату нуфузаш боқӣ монда буд, даъво пеш овард, ки бино моликияти ҳизби коммунист аст ва мақомоти ҳукумати маҳалӣ онро бояд фавран холӣ кунад. Ҳомиддин Шарифов баъд аз омӯхтани маводи парванда бо факту далел мантиқан исбот карданд, ки бино на моликияти ҳизби коммунист, балки моликияти мардум ва давлати Тоҷикистон мебошад. Ҳоло гуфтани ин суханон осон ба назар мерасад, аммо дар ҳамон шабу рӯз қотеъона ҳимоят намудан аз мавқеи ҳукумати конститутсионӣ ва манфиати сокинони мамлакат аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳомиддин Шарифов бо доштани таҷрибаи бойи судӣ, донишҳои фаровони ҳуқуқӣ, дар ҳама ҳолат тантанаи адолати судиро дар мадди аввал мегузошт.

Ҳомиддин Шарифов ба кору кирдори ҳар як шахс,  аз ҷумла онҳое, ки ҷиноят содир карда буданд баҳои объективӣ медод. Чунончи дар яке аз ҷаласаҳои Комиссияи авфи назди Президенти мамлакат масъалаи авф намудани пирмарде, ки дар ҳавлиаш як бутта маводи мухаддири навъи кукнор пайдо шудаву ӯро ба мудддати дуру дароз аз озодӣ маҳрум карда буданд, тезу тунд шуд. Намояндаи прокуратураи генералӣ ба озод шудани пирамард розигӣ додан нахост. Ва масъала ҳам қариб, ки чунин ҳал шуда буд. Вале ғайричашмдошти аъзои комиссия Ҳомиддин Шарифов ба ин тасмим муқобил будани худро изҳор карда гуфт:

— Охир ин пирамард ниҳоли кукнорро барои фурӯшу паҳн кардани маводи мухаддир парвариш накардааст, гузашта аз ин синну солаш ба ҷойе расидааст. Дар ҳамин маврид чандин ҷинояткорони ашаддиро пешниҳод кардем, ки авф карда шаванд, чаро мо намехоҳем як муйсафедро озод кунем, ки дар даврони пирӣ назди ҳамсару набераҳояш бошад? Агар ҳамин муйсафед дар маҳбас фавтад чӣ мешавад, фикр кардед?

Хулоса, бо қатъият ва пофишории Ҳомиддин Шарифов номи он пирамард ба руйхати авфшудагон ворид карда шуд.

Соли 1997 вақте вазъият дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ва атрофи он бо иғво ва амалҳои душманонаи хоини миллату давлат Маҳмуд Худойбердиев мураккаб гашт Президенти мамлакат дар қатори дигарон маро низ барои омӯхтани вазъ ба шаҳри Қурғонтеппа равон карданд. Вақте ба он ҷо расидам, аллакай Ҳомиддин Шарифов бо раиси вилоят Д. Шарипов баҳри пешгирӣ кардани бетартибиҳо тадбирҳои амалӣ андешида буданд. Хоинони миллат гумон доштанд, аҳолии вилоят онҳоро дастгирӣ мекунад. Ҳ. Шарифов ва дигар масъулони ҳукуматӣ, ки аз вазъият огоҳии комил доштанд ва хуб медонистанд, ки аҳолӣ гуруҳи М.Худойбердиевро дастгирӣ намекунанд, дар як муддати кутоҳ тавонистанд вазъро таҳти назорат гиранд.

Ҳомиддин Шарифов дар баробари афсари бебок, шуҷоъ ва нотарс будан, ҳамчунин иродаи бузурги созандагӣ дошт. Новобаста ба он ки дар баъзе минтақаҳо гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша ва қонуншикан даст ба қатлу ғоратгарӣ мезаданд, тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекарданд, боз ҳам Ҳомиддин Шарифов ҳамчун афсари содиқи Сарвари давлат ба оянда бо дидаи нек назар мекард.

Ҳамсафи дигари марҳум дар ин маврид чунин ёдоварӣ мекунад: «Соли 1997 вақте, ки бо вазири корҳои дохилӣ  Ҳомиддин Шарифов ба Бадахшон  сафар кардем, ба қисме аз сардорон ва ҳайати шахсии шуъбаҳои корҳои дохилии навоҳӣ вохӯрдем, масъалаҳои ҳалталаб хеле зиёд буданд. Кормандони мо дар вилоят ҳатто сару либоси дуруст надоштанд. Касе чизе дошт мепӯшид. Мошинҳои хизматӣ ва дигар техникаҳои лозимӣ намерасиданд. Биноҳои шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо хеле фарсудаву таъмирталаб буданд. Рӯҳияи худи кормандони милитсияро низ ноумедӣ ва рӯҳафтодагӣ фаро гирифта буд. Дар сафари дуввум бо Ҳомиддин Шарифов бараъкси гуфтаҳои болоро эҳсос кардам. Кормандони милитсияи вилоят бо рӯҳияи баланд ва умедҳои зиёд ба ояндаи нек нигариста, дар ҳифзи осудагии сокинон ва волоияти қонун дар ҳудуди вилоят ҳар лаҳза омода буданд» (иқтибос аз китоби И.Адолатов «Ҳомиддин Шарифов», Душанбе 2020 саҳ.157).

Бо супориши Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории вазири муҳтарам Ҳомиддин Шарифов барои дастрас намудани сару либоси зимистона ба кормандони милитсияи Бадахшон қариб 700 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ба ин миқдор маблағ аз шаҳри Маскав сару либос дастрас намуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд.

Дар баробари фаъолияти ҳуқуқӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, Ҳомиддин Шарифов ба рушди инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамуд. Бо ташаббуси ӯ дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои нави шуъбаҳои корҳои дохилӣ бунёд гардида, шароити хизмат барои кормандони милитсия беҳтар карда шуд.

Ба қавли ҳамкорон солҳои 2004 — 2005 тамоми биноҳои ШКД-и вилоят таъмир карда шуданд, аммо ҳамон солҳо Ҳомиддин Шарифов зарурати аз нав сохтани ҳамаи биноҳои милитсияи вилоятро таъкид карда буд. Дар ҳамон солҳо бо ташаббусу  дастгирии Сарвари давлат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бо талошу заҳматҳои Ҳомиддин  Шарифов дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳристон, Вахш, Бохтар, Ҳамадонӣ, Балҷувон ва Тоҷикобод биноҳои ҳозиразамон сохта ба истифода дода шуданд.

Тазаккур бояд дод, ки бо ташаббуси Ҳомиддин Шарифов дар назди Академияи ВКД факултаи нав – кадрҳои роҳбарикунанда таъсис дода шуд. Бо дастгирии Ҳомиддин Шарифов нашрияи «Сипар» дар ҳаҷми 16 саҳифа ҳар ҳафта ба дасти хонандагон мерасид, бо ҳамин унвон ансамбли ҳунарии «Сипар» дар назди вазорат ташкил гардида, дар дараи зебоманзари Ромит осоишгоҳи «Садбарг» сохта шуд. Дар ноҳияи Ишкошим бо ёрии Ҳомиддин Шарифов осоишгоҳи «Шифо» ташкил карда шуд (иқтибос аз китоби И.Адолатов «Ҳомиддин Шарифов», Душанбе 2020 саҳ.158).

Ҳамкорон ӯро ҳамчун роҳбари дурандеш, инсондӯст ва бунёдкор ба ёд меоранд. Дар солҳои душвори баъдиҷангӣ маҳз ҳамин хусусиятҳои шахсӣ ба ӯ имкон доданд, ки дар таҳкими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва барқарории эътимоди мардум нақши муассир гузорад.

Тақдир барои Ҳомиддин  Шарифов сарнавишти зебо насиб намуд. Бист соли фаъолияти корӣ дар мақомоти судӣ мактабе буд, ки барояш сабақи зиндагӣ омӯхт. Каму кост ва фанду фиребро агарчӣ сад пардапӯш ҳам, ки бошад хеле зуд ошкор мекард. Зиндадил буд, ҳеҷ гоҳ рӯҳафтодагӣ, дилшикастагӣ ва  бохтро қабул надошт.

Давоми даҳ соли фаъолият дар вазорати корҳои дохилии мамлакат тамоми дониш, таҷриба, ҳунару малака ва неруи ҷисмониву равонии худро пурра ба хизмати беғаразонаву содиқона бахшид. Мисли ситорае, ки бо дурахши зебо дар осмони беканор нақше ёдгор аз худ боқӣ мегузорад, умри собиқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳомиддин Шарифов хеле зуд, аммо рушану хотирмон гузашт.

Воқеан,  Ҳомиддин Шарифов дар авҷи камолоти умр аз дунё гузашт, ҳамагӣ 60 сол умр дид, аммо мероси маънавӣ, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзандааш дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол  сабт шудаанд.

Имрӯз, дар остонаи 79-солагии зодрӯзи ин фарзанди содиқи миллат, хотираи неки ӯ ҳамчун намунаи хизмат ба Ватан, садоқат ба давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ зиндаву ҷовид боқӣ мемонад.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

А. Сангзода
Д. Абдулмаҷид

Июнь 15, 2026 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид