Ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур 10 адад нақлиёти муосир тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе 10 адад нақлиёти чинии муосир аз рӯи модели «Ronking» барои тоза намудани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин нақлиёт махсус модели унверсиалӣ буда, аз қисматҳои гуногун иборат аст ва ду намуди истеҳсоли он маъруф гардидааст. Нақлиёт ҳам барқӣ ва ҳам ба таври сӯзишвории дизелӣ ба кор андохта мешавад. Он аз шаш қисмат иборат буда, 6 вазифаро дар худ иҷро мекунад. Ба воситаи ин нақлиёт кор дар самти тоза намудани кӯчаву хиёбон ва гулгашту боғҳо осон мегардад.
Нақлиёт аз кабина, муҳаррик, системаи ҷорӯб, қуттӣ барои чангу партов, системаи обпошӣ бо насоси вакумӣ ва системаи идоракунӣ, яъне гидравлик иборат мебошад, ки раванди тозакориро аввал тариқи чангкашак ва обпошӣ анҷом медиҳад, ки дар роҳҳои асфалт хеле қулай буда, кори занони раёсати истифодабарии роҳҳоро осон мегардонад.
Ба иттилои масъулин, ин нақлиёти муосир барои шаҳрҳои хурду миёна, боғу хиёбон, марказҳои калони савдо қулай буда, дар фасли зимистон низ барои тоза кардани барфи канори роҳҳо кумак мерсонад.
Ин иқдом бо мақсади тозаву озода намудани кӯчаву хиёбон ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти мамлакат амалӣ карда мешавад. Зеро ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва муомилаи сокинони пойтахтро дидаву омӯхта, аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, «ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави ҷумхуриро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи худ кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад».
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






