Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд, китоб дар асоси маводҳои бостоншиносии пойтахти Хуттали Қадим – шаҳри Ҳулбук ва шаҳрҳои атрофи он нашр шудааст. Китоб барои мутахассисон – таърихшиносон ва доираи васеи хонандагоне пешбинӣ шудааст, ки ба таърихи Хуттали Қадим шавқ доранд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки Хуттали Қадим ҳамчун яке аз ҳавзаҳои муҳими таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ дар ташаккули равандҳои тамаддунӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик нақши барҷаста дорад.
Ин ёдгориҳои муҳими таърихӣ ба аввалин нусхаи пешниҳоди «Ҳулбук – пойтахти Хуттали Қадим», ки аз ҷониби муаллифони ҳамин китоб ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст, ворид гардидаанд.
Тавре ки дар китоб дарҷ шудааст, ҳудуди Хуттал дорои ҳамаи намудҳои осори бостонӣ, меъморӣ ва таърихӣ-табиӣ мебошад, ки давлати шукуфон ва ободи Хутталро дар давраи аз асри санг то ворид шуданаш ба ҳайати империяи Сомониён инъикос менамоянд. Он аз гурӯҳи ҷузъҳое иборат аст, ки ба таври пурра таърихи пайдоиш ва рушди шаҳр, сохтори шаҳрсозӣ ва инчунин инфрасохтори берунии онро инъикос мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ёдгориҳои зиёди таърихие ба мерос мондаанд, ки як қисми онҳо аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд. Ин ёдгориҳо диққати сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд. Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Хуттали Қадим, ки соли 2025 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд, аз ин ҷумлаанд. Номинатсия 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад.
Ба ин номинатсия ёдгории таърихии Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа дохил мешаванд. Яке аз мавзеъҳои асосии номинатсия маҷмааи бостоншиносии «Қалъаи Хулбук» – пасмондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим аст, ки мероси он бо шарофати маҷмуи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






