Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад, ин ҳуҷҷат 11 июн дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва директори Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» дар Тоҷикистон Фароғат Мирзоева ба имзо расонида шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин заминаҳо изҳори умед намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аҳамияти хоса дода, ин соҳа дар авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи вижа дорад.
Директори ташкилот Фароғат Мирзоева таъкид дошт, ки ташкилоти «Good Neighbors» ба рушд ва таҳкими инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии зерсохтори кумита, ба вижа таъмини онҳо бо таҷҳизот, техника, дастурҳои методӣ ва маводи зарурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин замина иқдомҳои некро рӯи даст хоҳад гирифт.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






