БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз эълони Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Тоҷикистон дар Миср дар ҳамкорӣ бо расонаҳои мисрӣ бо ҳадафи муаррифии ин иқдом дар фазои кишвари иқомат чанд гузоришу мақола ба нашр расонд.
Аз ҷумла, дар сомонаи «Шуруқ-нюс» мақолае дар ин хусус ба нашр расид, ки аҳамияти ин иқдомро на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тибби ҷаҳонӣ бозгӯ мекунад. Мақола чунин унвон дорад: «Тоҷикистон бо эълони Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи тиб ба номи Абуалӣ ибни Сино мероси ӯро абадӣ кард». Дар мақола таъкид шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълони ин ҷоиза саҳми бузурге дар ташвиқу тарғиби олимони тоҷик ва ҷаҳон барои анҷоми таҳқиқот ва фаъолиятҳои бештари илмӣ-тиббӣ гузошт.
Сомонаи хабарӣ-таҳлилии «Дипломатия» мақолае дар ин хусус бо чунин унвон: «Вақте ки имрӯз ба таърих салом мегӯяд… Президенти Тоҷикистон номи Ибни Синоро бо ҷоизаи байналмилалии тиббӣ абадӣ гардонд» ба нашр расонидааст. Муаллиф ба он ишора мекунад, ки дар замони авҷи мушкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, аз пандемияҳои фаромарзӣ гирифта, то буҳронҳои тандурустӣ ва дастрасии нобаробар ба тиб, Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба яке аз бузургтарин шахсиятҳои тамаддуни инсонӣ, олими барҷаста Ибни Сино ҷалб намуд, аммо на ҳамчун шахсияти гузаштаи таърихӣ, балки ҳамчун як биниши оянда. Фармони таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино дар соҳаи тиб, ки аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон қабул шуд, паёмеро дар бар мегирад, ки аз шинохти рамзӣ фаротар рафта, ба доираи дипломатияи илмӣ ва башардӯстона мерасад.
Дар идомаи мақола омадааст, ки ин ҷоиза на танҳо дастовардҳои тиббиро қадр мекунад, балки фалсафаи Ибни Синоро, ки бар асоси фаҳмиши инсоният, муҳити зист ва саломатӣ ҳамчун як системаи муттаҳид асос ёфтааст, тасдиқ менамояд ва Душанбе бо ин иқдом фасли наверо дар дипломатияи илмӣ боз мекунад.
Ин ташаббус иродаи Тоҷикистонро барои тақвияти ҳузури байналмилалии худ тавассути илм ва дониш ошкор мекунад. Ҳамон тавре ки баъзе мамлакатҳо бо дастовардҳои иқтисодӣ ё низомии худ машҳуранд, Тоҷикистон тасвиреро аз худ ба намоиш мегузорад, ки бо мероси зеҳнӣ ва илмии шахсиятҳои таъсиргузор дар тамаддуни инсонӣ алоқаманд аст. Аз ин нигоҳ, таъсиси ин ҷоиза бештар ба як лоиҳаи дарозмуддати институтсионалӣ монанд аст, на ба як чорабинии муваққатии тантанавӣ.
Ҳамин манбаъ дар бахши англисии худ низ мақолае дар ин хусус ба дасти нашр супурдааст, ки чунин унвон дорад: «Аз Бухоро то Душанбе: Вақте ки Ибни Сино ҳамчун ҷоиза барои табобати ҷаҳон бармегардад» («From Bukhara to Dushanbe: When Avicenna Returns as a Prize to Heal the World»). Дар ин мақола низ аҳамияти Ҷоизаи Абуалӣ ибни Сино ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ривоҷ додан илм дар ҷаҳон мавриди баррасӣ ва қадрдонӣ қарор гирифтаанд.
Сомонаи хабарии «Лигаи испанӣ-арабӣ» ҳам дар гузорише бо унвони «Қонуни Президенти Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ба шарҳи ин қонун пардохта, онро дар паҳлуи дигар ташаббусҳои Пешвои миллат яке аз ташаббусҳои ояндасоз ва оянданигар номидааст, ки мисли дигар ташаббусҳои он кас мавриди истиқболи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Муаллиф сипас ба баррасии вазъи тиб дар Тоҷикистон ва фаъолияти донишгоҳҳо ва муассисаҳои табобатии ҷумҳурии мо пардохта, рушди ин бахшро дар замони Истиқлол мавриди ситоиш қарор додааст.








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд






