Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Июнь 27, 2026 15:15

ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи  қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои  2027–2036» ва бахшида ба 29- солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Аз Ваҳдати миллӣ то таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ: истиқбол аз ташаббуси нави байналмилалии Пешвои миллат» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия хабар медиҳад.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон боз як рӯйдоди фараҳбахшу муҳими сиёсӣ ба вуқуъ пайваст. Дар баробари дигар иқдомҳои  наҷиби байналмилалӣ,  ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба   таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» якдилона қабул гардид».

Таъкид шуд, ки Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.

Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён қабули қатъномаро дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, онро туҳфаи арзанда ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва мояи ифтихору сарфарозии тамоми мардуми Тоҷикистон маънидод карданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 27, 2026 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад