Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Июнь 7, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар шаҳри Бохтар Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» баргузор гардид. Конфронс бо ташаббуси кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар конфронс масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, олимону донишмандон, собиқадорони ҳизб, як зумра адибони вилоят ва дигар фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

Изҳор гардид, ки Қаҳрамонони Тоҷикистон бо ҷоннисорӣ, хизматҳои содиқона ва саҳми арзандаи худ дар роҳи ҳифзи давлату миллат дар саҳифаҳои таърих номи нек боқӣ гузоштаанд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба хотираи онҳо барои насли имрӯз ва фардо сабақи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки иқдоми шоиста, яъне ба Ватан овардани қисме аз хоки гӯри шахсиятҳои бузурги миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия, ин аз бузургворӣ, қадри заҳмати содиқона ба меҳанро донистан ва хотираи қавии таърихӣ доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

“Барои мо, фарзандони ин Ватани маҳбуб, ки маҳз бо талошҳои фарзонагони миллат пойдор аст, дарси азими ватандорию ватандӯстист. Ин иқдоми шоистаи Пешвои миллат дар қалби ҳар як шаҳрванди ин меҳан эҳсоси ифтихор, муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба қаҳрамонони миллатро боз ҳам бештар менамояд”- изҳор намуд Ҷамшед Саидзода.

Омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшо Маҳмудов дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва маорифпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад аз хидматҳои барҷастаи онҳо ёдовар шуда, ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз дидгоҳи таърихшиносӣ саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи конфронс меҳмонон ва иштирокчиёни дигар низ суханр намуда, изҳор доштанд, ки зинда гардонидани номи нек, корнома ва ҳамзамон, батакрор таъкид кардани ҳувияту хидматҳои бузургони миллат аз зарурати замони муосир аст, ки он хушбахтона, дар давлати мо дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҷараёни мусбат ва хеле фараҳбахш касб кардааст. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон бояд ба қадри ин ҳама заҳматҳои абармарди сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд ва бо амалҳои неки худ баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд гузоранд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Июнь 7, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа