Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии IFSB ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (Islamic Financial Services Board – IFSB) дар мавзуи «Суғуртаи исломӣ (такафул)» баргузор гардид, ки дар он мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои суғуртавӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
«Ҳадафи асосии ҳамоиш муттаҳид намудани тарафҳои манфиатдор, муаррифии низоми суғуртаи исломӣ (такафул) дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии мутахассисони низоми молиявии мамлакат мебошад»,- иброз гардид дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш.
Гуфта шуд, ки дар шароити рушди босуръати молияи исломӣ дар ҷаҳон омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти хизматрасониҳои молияи исломӣ, аз ҷумла суғуртаи исломӣ, ки ба манфиатҳои милливу ва ҷамъиятӣ мувофиқанд, барои густариши имкониятҳои бозори молиявии мамлакат ва ҷалби доираи васеи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ аҳамияти назаррас дорад.
Дар идомаи ҳамоиш коршиноси байналмилалии шуро доктор Картина Аррифин дар мавзуи «Такафул: мафҳумҳо ва сохтори асосӣ» вобаста ба моҳият ва консепсияи суғуртаи исломӣ, фарқияти он аз суғуртаи анъанавӣ, идоракунии хавфҳо, пешгирии номуайяниҳо дар муомилоти молиявӣ, намудҳои маблағгузорӣ, моделҳои амалкунандаи ҷаҳонии такафул, талаботи меъёрӣ ва зарурати риояи стандартҳои қабулгардида дар тамоми марҳилаҳои фаъолият рӯнамои муфассал пешниҳод намуд. Ҳамчунин ба иштирокдорон доир ба манфиатҳои низоми такафул барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, тақсимоти дақиқи маблағҳо ва уҳдадориҳо, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзими фаъолияти такафул, роҳҳои тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти рушди Microtakaful ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа иттилоъ дода шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад






