Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Рушди муштарак, ҳуқуқҳои муштараки инсон: 40-солагии Эъломия дар бораи ҳуқуқ ба рушд ва дидгоҳи нав барои идоракунии глобалии ҳуқуқи инсон» баргузор шуд, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода чун намоянда аз Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.
Дар форум Умед Бобозода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон, қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии миллӣ дар ин соҳа, ташаббусҳои байналмилалии мамлакат ва нақши Тоҷикистон дар таҳкими низоми байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ибрози назар намуд.
Инчунин доир ба фаъолияти ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, саҳми он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, мусоидат ба барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда ва рушди ҳамкорӣ бо сохторҳои байналмилалӣ маълумот пешниҳод намуд.
Форум бо ташаббуси Шурои Олӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуда, дар он намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи ҳуқуқи инсон масъалаҳои мубрами идоракунии глобалӣ, рушди устувор ва роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






