Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 27, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин мақомот.

Дар ҳамоиш муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ аз саъю талошҳои фидокоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмин ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ёдовар шуд.

Иштирокдорон  дар мавзуъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва давлатдории миллӣ», «Сабақи таърихии як миллат: чаро Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди Тоҷикистон аст» ва «Ваҳдати миллӣ асоси шукуфоии Ватан» маърузаҳо пешниҳод  намуданд.

Зимни пешниҳоди маърузаҳо  таъкид гардид, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ  барои тарбияи насли ҷавону наврас, баланд бардоштани  ҳисси ватандӯстию  ҳувияти миллии онҳо ва эҳтиром ба ваҳдату ҳамдилӣ дар байни насли ҷавону наврас  муҳим аст. Зеро он ёдраскунандаи устувории халқи тоҷик дар рафъи мушкилот ва талош барои ояндаи муштараки саршор аз сулҳу шукуфоӣ мебошад. Ин рӯз арзишҳои таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни тамоми табақаҳои ҷомеаро, новобаста аз фарқиятҳои этникӣ ё динӣ, тақвият медиҳад.

«Аз хурд то бузург бояд ба қадру арзиши ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.

Ҳамзамон иштирокчиён  аз иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба имзо расида буд, ёдовар шуданд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Июнь 27, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд