Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» 2677 нафар довталаб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабар доданд.
Дар даври якуми озмун дар саросари мамлакат 6245 нафар аз рӯи панҷ номинатсия иштирок намуда, аз ин шумора 2677 нафар ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифтанд. Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастшуда, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 320 нафар, вилояти Суғд 632 нафар, вилояти Хатлон 896 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 421 нафар ва шаҳри Душанбе 408 нафар ба даврҳои минбаъдаи озмун роҳ ёфтанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
— оҳангсозӣ-бастакорӣ;
— сарояндагӣ;
— навозандагӣ;
— санъати тасвирӣ;
— дизайн.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд






