Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 29 – солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – кафили мондагории миллат ва Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ду арзиши аз ҳама воло ба ҳисоб мераванд, ки яке бе дигаре қиммате надорад. Таҷрибаи таърихии аксар халқияту миллатҳо ва вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки истиқлоли давлатӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ба ин монанд падидаҳои нодир дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва дар умум ваҳдат ба вуҷуд омада, дар роҳи рушд устувориашон таъмин мегардад.
Таъкид шуд, ки халқи тоҷик маҳз ба шарофати ба даст овардани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ тавонист давлати соҳибистиқлоли худро аз хатари парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварад.
Маҳз бо талошҳои пайгирона, иродаи матин ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат барқарор ва таҳким ёфта, барои бунёди давлатдории муосири тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу ташаббускор шинохта шуда, дастовардҳои назаррас дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маҳсули сиёсати хирадмандона ва ваҳдати пойдори миллӣ арзёбӣ мегарданд.
«Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва омили асосии бақои давлатдории миллӣ минбаъд низ бояд ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ҳифз ва таҳким бахшида шавад»,-таъкид шуд дар ҷамъомад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






