Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

Июнь 9, 2026 15:06

ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи рушди маҳали  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.

Раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод иброз намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири таърихии мардуми Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардидааст.

Таъкид шуд, ки нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ризоияти миллӣ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон басо арзишманд буда, имрӯз Тоҷикистон ба шарофати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар роҳи рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷониба қадамҳои устувор мегузорад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам афзуд, ки «ҳифз ва таҳкими дастовардҳои Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба шумор меравад».

Дар ҳамоиш аҳамияти таърихии ба даст омадани ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Иброз шуд, ки таҷлили чунин санаҳо таърихӣ дар мавриди ҳифзи хотираи таърихӣ мавқеи хос дошта, дар таҳкими ҳувияти миллӣ нақши муҳим мебозад.

АКС: Кумитаи рушди маҳали  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2026 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд