Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид

Июнь 17, 2026 10:58

ДУШАНБЕ, 17.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт дар маҳаллаи Чилмеҳроби ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли дорувориро ошкор намуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки бо ташкили корхона ба истеҳсол ва фурӯши дорувориҳои гуногуни қалбакӣ ва пастсифат машғул буданд, муайян ва дастгир карда шуданд.

Дастгиришуда Отабек Додоҷонов  бо ташкили Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Молейкула» ба истеҳсоли доруворӣ ва Абдураҳим Ҷабборов бо ташкили Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳин» ба истеҳсоли қутиҳои қоғазин ва борҷомаҳо барои дорувориҳо ва дигар ҳаммаслаконашон дастгир шуданд.

Ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар шароити ғайристандартӣ бе иҷозатномаи махсус, бо вайрон намудани талаботи стандартҳои сифат хока ва шарбатҳои доруворӣ,  аз ҷумла «Нурофен», «Амбробене Экстра», «Парацетамол», «Амброксол», «Лазолван», «Терафлю-М» ва дигар дорувориҳо, ки  асосан барои истеъмоли кӯдакони бемор пешбинӣ шудаанд, истеҳсол мекунанд.

Дар рафти санҷиш аз ин гурӯҳи муташакили ҷиноятӣ дар  маҷмуъ 35 ҳазору 900 дона шарбат (яъне сиропҳо ба талабаботи стандарт ҷавогӯнабуда), 405 ҳазору 920 дона қутиҳои шартбатҳои гуногун тамға  бо дастурамал, ниқобҳои ширешкунанда ва зарфҳои шишагину пластикӣ  дарёфт ва мусодира гардид. Инчунин аз анборхонаи ин корхона зиёда аз 600 килограм хокаҳои махсус ва аз коргоҳи ин гурӯҳи муташакили ҷиноӣ 10 адад таҷҳизоти истеҳсоли давлатҳои хориҷӣ, ки барои омода намудани дорувориҳо истифода мешавад, муайян ва дарёфт карда шуд.

Таъкид гардид, ки бо дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб гардидани ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, пеш аз ҳама солимии ҷомеа ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳифз карда шуд.

Таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти фармасевтӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, зеро пешравии ҳар давлат аз солимии шаҳрвандон вобаста аст. Доруворӣ бояд хушсифат, судманд, бехатар бошад ва ба талаботи доруномаи давлатӣ (фармакопеяи давлатӣ) дастури доруномаи давлатӣ, инчунин дигар стандартҳои истифодашавандаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷавобгӯ бошад.

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» аз 19 июли соли 2022  дарҷ гардидааст, ки шаҳрвандон ҳуқуқи муроҷиат намудан ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ва дигар ташкилот барои гирифтани иттилоот дар бораи бехатарӣ, судбахшӣ ва сифати дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтиро доранд.

Дар  моддаи 47 ин қонун чунин омадааст: «Зарари ба солимии инсон дар натиҷаи истеъмоли дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ расонида,  агар исбот шуда бошад, аз ҷониби истеҳсолкунанда ҷуброн карда мешавад».

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3492 муассисаи фармасевтӣ ва дорухонаҳо фаъолият менамоянд. Онҳо ҷузъи муҳими низоми тандурустии кишвар  дониста мешаванд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Июнь 17, 2026 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд