Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд

Июнь 15, 2026 18:35

ДУШАНБЕ,15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор маросими ҷоизасупории ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ, ки дар озмун  маҳорати баланди қироат ва дониши амиқи худро аз осори безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ нишон доданд, иштирок доштанд.

Роҳбарияти шаҳри Ҳисор иброз доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва тарбияи маънавии насли наврас нақши муҳим дорад.

Дар анҷом ба ғолибони даври шаҳрии озмун, инчунин ба як қатор хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои иштироки фаъолона «Ифтихорнома», «Сипосномаҳо» ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 15, 2026 18:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад