Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун мамлакати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, аз ҷумла обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ мавқеи устувор касб намудааст. Дар ин замина ташаббуси навбатии Тоҷикистон оид ба қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои насли оянда, солҳои 2027–2036» идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи давлат ба ҳисоб меравад.
Ин ташаббус ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда равона гардидааст.
Гуфта шуд, ки амалисозии ҳадафҳои ин даҳсола метавонад барои таҳкими эътимод байни давлатҳо ва таъмини рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар рафти ҳамоиш инчунин нақши занон дар таҳкими сулҳ, пешгирии ифротгароӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ҷалби фаъоли занону ҷавонон ба татбиқи ҳадафҳои ин ташаббус барои ноил шудан ба сулҳи пойдор ва рушди устувор аҳамияти калидӣ дорад.
Иштирокчиёни ҳамоиш аз иқдомҳои пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ истиқбол намуда, иброз доштанд, ки пешбурди чунин ташаббусҳо нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун давлатии сулҳхоҳу ташаббускор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






