Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ конфронс доир шуд

Июнь 26, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» конфронси илмӣ–амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.

Дар конфронс иброз гардид, ки 25 июни соли равон  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул кард. Тибқи ин санад, солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон гардида, ҳадафи он мусоидат ба таҳкими сулҳ, рушди муколама ва мусолиҳа, инчунин таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо бо назардошти манфиатҳои наслҳои оянда мебошад.

Қабули ин қатъномаи муҳими байналмилалӣ маҳз дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи нек ва дастоварди муҳими сиёсию дипломатӣ ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдод бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ қарор дошта, сиёсати давлатӣ ба рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва саноатикунонии босуръат равона гардидааст. Заминаи асосии ин пешрафт сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки барои татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Дар ин замина, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун санади калидӣ самтҳои асосии ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устуворро муайян намудааст.

Бо ин мақсад, ҳоло дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» дар баробари ҳалли дигар масъалаҳо, истифодаи пурраи захираҳои мавҷуда, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои иловагӣ, коркарди васеи ашёи хоми ватанӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси 5 маҷмааи нассоҷӣ, бахусус дар заминаи тақвияти соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақим, қарз ва грант ба маблағи 48,8 миллиард доллари амрикоӣ аз вазифаҳои муҳими барнома ба шумор меравад.

«Таъмини суръати солонаи ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим, қарз ва грант дар сатҳи 19–20 фоиз, то 25 дарсад расонидани ҳиссаи сармояи хусусӣ ва то 5 дарсад расонидани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар сохтори маҷмуи маҳсулоти дохилӣ яке аз вазифаҳои асосӣ муайян гардидааст.

Ин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои миллат буда, ба таҳкими сулҳу субот, тавсеаи муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин рушди ҳамкории байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд»,-таъкид шуд дар ҳамоиш.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд