Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд

Июнь 26, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» конференсияи илмӣ—назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод  ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Конференсия дар доираи қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»  баргузор  шуда, дар он ҳамзамон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  ноҳия, олимон, адибон ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Зимни суханрониҳо оид ба ташаббуси нави Тоҷикистон иброз гардид, ки қабули ин қатънома  аз эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва нақши созандаи он дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун асоси муҳимтарини давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа меҳисобанд.

Гуфта шуд, ки бо ташаббусҳои пайвастаи байналмилалии худ Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар ва пешбарандаи иқдомҳои созанда дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Таъкид гардид, ки сулҳу ваҳдат арзиши муқаддас ва сарнавиштсоз барои мардуми Тоҷикистон буда, пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи ягонагӣ ва шоҳиди саҳифаҳои душвору ифтихорманди таърих, дар пойдории он саҳми арзанда гузоштааст.

Тазаккур дода шуд, ки Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мост.

Дар интиҳо иштирокдорон ҷавононро ба таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи арзишҳои соҳибистиқлолӣ, иштироки фаъолона дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди босуботи Ватани азиз даъват намуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Июнь 26, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд