Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-и «Чин — Авруосиё» гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи байналмилалии 9-уми ЭКСПО-и «Чин — Авруосиё» оғоз гардид, ки дар он гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон намояндагони 47 ширкати ватанӣ дар соҳаҳои сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати нассоҷӣ, сайёҳии фарҳангӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо, байторӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ иштирок доранд.
Намоишгоҳ яке аз бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии соҳибкорӣ дар минтақа ба шумор рафта, он ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни давлатҳои Авруосиё нигаронида шудааст. Дар кори намоишгоҳ намояндагони 27 давлат иштирок доранд. Дар доираи ЭКСПО баргузории зиёда аз 80 чорабинии соҳибкорӣ, аз ҷумла форумҳои сармоягузорӣ, рӯнамоии лоиҳаҳо, музокироти тиҷоратӣ ва конфронсҳои соҳавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин чорабинии байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои фазои Авруосиё заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ЭКСПО-и «Чин – Авруосиё» барқарор намудани робитаҳои мустақим бо истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагон, боздид аз корхонаҳо, баргузории гуфтушунидҳо оид ба хариди мустақими таҷҳизот ва ашёи хом, ташкили шабакаҳои дарозмуддати таъминот, инчунин иштирок дар чорабиниҳои мавзуии намоишгоҳ пешбинӣ гардидааст.
ЭКСПО-и «Чин — Авруосиё» дар майдони тақрибан 140 ҳазор метри мураббаъ баргузор гардида, шаш самти асосиро дар бар мегирад: ҳамкории сармоягузорӣ, қувваҳои нави истеҳсолӣ, соҳаҳои рақобатпазири саноат, рушди иқтисоди сабз, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи Роҳи абрешим.
Бояд гуфт, ки гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҷаъмияти саҳомии кушодаи «Абрикоси Компания» муаррифӣ менамояд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикитсон








СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд






