Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
РАШТ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар конференсия масъалаҳои муҳими марбут ба нақши ваҳдат дар рушди ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, худшиносии миллӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар конференсия устодону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ доир ба аҳамияти таърихии ваҳдати миллӣ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, нақши ҷавонон, фарҳанг, маориф ва арзишҳои миллӣ дар нигоҳдории ваҳдат ибрози андеша карданд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ки «ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин омилҳои таъмини суботи сиёсӣ, рушди маънавӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Он боиси ҳамгироӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар заминаи арзишҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ гардида, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи мероси маънавии халқ мусоидат менамояд».
«Ҳар қадар сатҳи ваҳдату ҳамбастагӣ дар ҷомеа баланд бошад, ҳамон андоза имконияти нигоҳдорӣ ва рушди фарҳанг, забон, таърих ва анъанаҳои миллӣ бештар мегардад. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад,-таъкид намуданд иштирокдорони ҳамоиш.
Иттилоъ дода шуд, ки барномаи конференсия аз 8 бахш — ҷаласаи раёсатӣ ва бахши факултетӣ таркиб ёфта, дар маҷмуъ 106 маърузаро фаро мегирад. Ҳамзамон маводи конференсия иборат аз 39 мақола дар ҳаҷми 276 саҳифа ба нашр расонида шуд.
АКС: Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






