Дар шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони фаъол таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ» вохӯрӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи забон ва истилоҳот хабар доданд.
Дар ҳамоиш доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши калидии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва рушди давлатдории миллӣ сухан гуфта шуд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар рушду инкишофи забони тоҷикӣ саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Зеро Роҳбари давлат аз нахустин лаҳзаҳои фаъолияти кориашон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони тоҷикӣ эҳтиром ва арҷи баланд гузоштанд. Ин аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса пайдо кардааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо — соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.
Дар вохӯрӣ оид ба аҳамияти забони давлатӣ, риояи қонунгузорӣ дар самти забон, меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги ҳуҷҷатнигорӣ ибрози назар карда шуд. Изҳор гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун унсури муҳими худшиносии миллӣ оинаи таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллати тоҷик маҳсуб мешавад.
Таъкид шуд, ки қабул ва тасдиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Зеро забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо моҳи апрел оғоз гардида, то моҳи августи соли равон дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






