Дар Тоҷикистон беш аз 110 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст

Июнь 8, 2026 14:54

ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ идома дорад. Аз тарафи Вазорати кишоварзии мамлакат ситоди махсус ташкил карда шудааст, ки ба кишоварзон барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани дастранҷашон кумак мерасонад. Дар ҷумҳурӣ то 5 июн аз майдони 31 480 гектар 110 ҳазору 99  тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Соли  2026 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии мамлакат дар майдони 293 ҳазору 702 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Аз он 195 ҳазору 106 гектар майдони кишти гандум буда, майдони 25 ҳазору 426 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 92 ҳазору 712 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна то 40 сентнер мебошад.

Ғалладонагӣ, аз қабили гандум, ҷавсар, лӯбиё, нахӯд, мош, шолӣ ва ҷуворимакка маҳсулоти хӯроки ҳаррӯзаи мардум дониста мешаванд. Аз ин рӯ, вазорат талош дорад, ки кишти чунин зироатро дар мамлакат бештар намояд, то сокинони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати табиӣ тоза ва фоидаовар таъмин бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Хатлон байни минтақаҳои мамлакат барои парвариш намудани маҳсулоти ғалладонагӣ, аз қабили гандум созгор мебошад. Инчунин дар ин шабу рӯз ин вилоят дар ҷамъовари ғалла пешсаф мебошад.

Дар баъзе минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъоварии ғалладонагиҳо аз моҳи август оғоз меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2026 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид